Худоё, бар сарватмандон тавозӯъ ва ҳимматбаландию бар фақирон қаноатмандиро ҳукм фармо. Ва бар пешвоён адлу амал ва дӯстдории ватану миллат ва бар мардум инсофу хушрафториро рӯзӣ гардон

Мавзуъҳои гуногун

Ҷин дар дохили инсон ҳакикӣ аст ё афсона?

Оё сеҳр ҳақиқат дорад?

Оё чашм кардан инсонро ба қабр мебарад?

Тарғиби Расули Худо (с) баҳри ҳифзи ҳар фард худро аз ҷин ва чашми бад...

Қиссаи сеҳр кардани Расули Худо (с).

Аломатҳои шахси ҷинзадда...

Аломатҳои шахси масҳур...

 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Сураи Ҷин

дар Макка нозил шуда ва он 28 оят аст.

 
 

Ваҳдоният, рисолат, баъс, ҷазо, тасдиқи Пайғамбар (с), эътиқод ба Худои ягона, раҳоӣ аз хурофот ва дигар масъалаҳои муҳимро ин сураи карима фаро гирифтааст. Аммо масъалаи асосие, ки дар маърази диққати хонанда гузошта шудааст, мисли масоили дар боло зикршуда ҳамчун рукне аз дин донистанаш зарур аст. Ин ҳастии як махлуқи Худо – Ҷин аст. Барои дарки мақсадии асосии сура аввал зарур аст, ки як маълумоте дар бораи ҷинҳо дошта бошем.

Ҷин чӣ гуна махлуқ вст? Мекӯшем ба изни Худованд андаке бошад ҳам ба ин суол посух бигӯем. То нузули Қуръон арабҳо ҷинҳоро "Худои норавшан ва нозоҳир"- гуфта ба онҳо эътиқод доштанд. Фасодии эътиқоди онҳо ба ин буд, ки мегуфтанд: "Наслу насаби ҷинҳо ба Худо рафта мерасад". Ба ин ақида онҳо худро мушрик месохтанд. "Ҷинҳо аз ғайб хабар доранд ва аз осмон хабар оварда ба фолбинону мунаҷҷимон мерасонанд"- гуфта боварӣ доштанд. Сураи Ҷин ин эътиқоди фосидро рад месозад. Инчунин Расули Худо (с) мефармояд: «Касе ба назди фолбин, мунаҷҷим равад ва ба гуфтаҳои онҳо эътиқоду бовар кунад бар Муҳаммад (с) нозилшударо кофир аст.» -яъне Қуръонро. Дар ҳақиқат илми ғайб назди Худовандист ва онро танҳо Худо худаш медонад.   .....Идомааш

 
 

 
 

"Рисолат"

 
 

Ҳамватанони азиз имрўз дар ҷомеаи мо баҳсу мунозира оиди ҷин ва ҷинзадагӣ зиёд шудааст ва дар ин бора Шумо метавонед маълумоти муфассалро оиди олами ҷинҳо ва беморони мубтало ба ҷинро дар ҳафтаномаи " Рисолат" ки ҳар ҳафта як бор нашр мешавад пайдо намоед.

 
 

 
 

Дар меҳмонии ҳафтаномаи "Рисолат"(Матни суҳбат)

 
 

Имрўз дар ҷомеаи мо атрофи ҷинзадагӣ ва дуохонӣ баҳсу муноқишаҳои зиёде вуҷуд дорад ва дар ин росто китобу мақолаҳо низ рўйи чоп омадаанд. Ба хотири рўшанӣ андохтан ба ин масъала, фишурдаи сўҳбатеро, ки сардабири ҳафтаномаи «Рисолат» бо  муаллифи китоби "Муолиҷаи ҷин ва ҷоду бо Қуръон" ва мудири сомонаи www.sheefo.com - Муҳаммадамини Муҳаммадалӣ, анҷом додааст, мехоҳем пешкаши шумо намоем.

 
 

-Пеш аз ҳама салому дуруди холисона ва самимии ҳайъати эҷодии "Рисолат"-ро ба шумо мерасонем ва ташрифи шуморо ба ин дафтар хайрамақдам мегўем.    ..... идомааш

 
     
 

 

Далелҳои вуҷуд доштани ҳасад ва чашм

Далелҳо аз Қуръони Карим:

"أَمْ يَحْسُدُونَ النَّاسَ عَلَى مَا ءاتاهمْ اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ فَقَدْ ءاتَيْنَا ءالَ إِبْرَاهِيمَ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وءاتَيْنَاهُمْ مُلْكًا عَظِيمًا"

(Оё ҳасад мекунанд бар мардумон бар он чи эшонро Аллоҳ таъоло додааст аз фазли худ, пас ҳар ойина мо додем оли Иброҳимро китоб ва дониш ва додем эшонро подшоҳии бузург).                  Идомааш

 

     
 

..: ШУНАВЕД  :..

  Қуръон:   Сураи "Бақара" |  
  Мавъиза:   Марг |
  Мавъиза:   Олами Ҷин (нав) |
  Қ уръон:   Сураи "ал-Анфол" |
  Мавъиза:   Ҳадис |
       

СУОЛУ ҶАВОБ

Ассалому алайкум бародар мо аз ин сомонаи Шумо бисёр истифода мекунем ва раҳмати Худо ба Шумо  ва дуо мекунем. Ки Худованд амсоли Шуморо зиёда гардонад то сабаби шифои беморон бошед. Модари беморе дорам, ки ин беморро баъзеҳо аз ҷин мегуянд ва баъзеҳо припатка  меноманд. Вақте бемор мешавад забонашро фуру мекашаду аз даҳонаш хаф меравад Шумо дар ин бора чи мегуед? Интизори ҷавоби Шумо.

Ҷавоб: Ассалому алайкум бародари азиз Али. Ман азоби бемории наздиконро чашидаам ва дарди шуморо дарк мекунам ва дуо мекунам ва инчунин аз касоне, ки ин ҷавобро мехонанд талаб мекунам, ки дуо кунад то Худованди меҳрубон барои модари  Шумо шифои комилу оҷилро насиб гардонад. Бародар барои модаратонро ташхис кардан ки бемориаш аз чист бояд ўро хонд ва дар ҳолати хондан маълум мешавад. Метавонед Шумо сураи....  Идома.

Оби замзам фарқе аз дигар обҳо дорад?

Оре, оби замзам аз ҷиҳати таркиб фарқи бузурге дорад. Баъзе аз пажӯҳишгарон инро  баъди муддати дарозе исбот намудаанд. Яке аз муҳандисони маркази ҷустуҷӯ оид бар оби  замзам дар ҷавоби ин суол чунин иброз доштанд: ҳар вақто чоҳи оби замзамро барои васеъ гардондан кофта обро мегирифтем об ҳамон қадар зиёда мегардид. Пас барои ҷустӯҷӯи сарчашмаи об шурӯъ кардем, то бидонем, ки дар он ягон намуди микроб вуҷуд дорад ё на. Баъд аз кофтукоб маълум гашт,ки ягон намуд микробе    .... идомааш

 

Фоидаҳои асал аз назари Ислом

Дар Қуръони карим сураест ба номи Сураи «Наҳл» (занбӯри асал) ва дар оёти 68-69-и ин сура Парвардигори бузург мефармояд ва бандагонашро хабар медиҳад, ки бе шубҳа шифои мардум дар он аст. "(68) Парвардигори ту ба занбӯри асал илҳом дод, ки аз кӯҳҳову дарахтон ва дар биноҳҳое, ки месозанд, хонаҳое интихоб кун. (69) Он гоҳ аз ҳар самарае бихӯр ва фармонбардор ба роҳи Парвардигорат бирав. Аз шиками Ӯ шаробе рангоранг берун меояд, ки шифои мардум дар он аст. Ва соҳибони андешаро дар ин ибратест."- (Сураи наҳл). Ва ин чунин ҳадисҳои зиёде  аз Ҷаноби Расулуллоҳ (с) ворид шудаанд, ки далолат ба шифо будани асал мекунанд. Дар Саҳеҳи Бухорӣ омадааст.
    «Аз писари Аббос ривоят шудааст, ки расули Худо гуфт: (Шифо дар се чиз аст, ҳиҷома кардан (хун гирифтан аз бадан ба хотири дармон), нӯшидани асал ва бо оташ доғ кардан,  валекин умматамро аз доғ кардан бо оташ манъ мекунам.)».......... Идома.

 

Дуо - аз китоби "Муолиҷаи ҷин ва ҷоду бо Қуръон"

Эй подшоҳи подшоҳон, дастгири бечорагон, Худованди инсу ҷон, ба мо тавфиқи тоат кардану дурӣ ҷустан аз гуноҳро ва нияти холису солимро  дар ҳама корҳоямон насиб кун. Барои мо ҳидоят ва пойдорӣ дар дини ҳақро каромат фармо. Забонамонро ба сидқу сафо ва сухани неку даъвати писандида гуё кун, дилҳои моро бо илму маърифат лабрез кун, аҷсоми моро аз моли ҳаром ва шубҳанок пок кун ва дастонамонро аз зулму..........Идома.

Тасҷилоти Савтӣ

    "Ҳар вақто Қуръон хонда шавад, пас гуш андозед ва хомуш бошед, шояд ки растагор шавед".
Аз ин мунтала
қ кушиш ба харч додем, то Китоби Худовандиро дар сурати mp3 ва ram дар ин сомона чойгир созем.

 

 

ҲИҶОМА

   

     Хонандагони гироми пеш аз онеки дар бораи ҳиҷома суҳбат кунем биёед бо ҳам назар афканем дар бораи чи будани ҳиҷома.
   Ҳиҷома дар луьати араб ба маънои макидан аст, аммо дар истилоҳи олимони

   
илми ҳиҷома ҷамъ овардани хуни фарсуда аз зери пусти инсон бо асбобҳои махсус ва берун кардани он  аз ҷисми инсон бо роҳи тирра кардани пуст мебошад.......... .

 

   
   

"Яқин ба Худо"  - аз қиссаҳо

Ҷавоне 2 бор оиладор шуда буд ва аз баски соҳиби фарзанд намешуд аз онҳо ҷудо гашт ва бори сеюм хонадор шуд, аммо аз инҳам ноумед гашта буду нияти ҷудо шуданро дошт, вале аз хазоини Худованд напурсид ва яқин накард, ки Худованд бепадар фарзанд пайдо мекунад, ҳоло ин, ки инҳо ҷуфтанд. Аз ман пурсон шуданд илоҷашро.................. .

 

СУРАТХОНА

Дар ин бахш кушиш ба харч додем, то ба хонандагони муҳтарам бештар шаклу суратҳои тумору тилисм ва он чизҳое, ки дар он ҷоду сурат мегирад, пешкаш намоем. Ва ин барои таҳзири бародарони мусалмон аз ширкиёт ва сабабҳои ҳалокаткунандаи ҳар шахси мусалмон мебошад............... .

 

 

 



ПАЙВАНДҲО

Risolat.tj
Tajislam.com
Azhar.ru
Dar-alefta.org
Turajon.com
muhaddith.org
Islamway.com
Al-islam.com
Al-eman.com


Ҳамватанони азиз, ҳамаи Шумо-ро ба сомонаи www.sheefo.com , ки дар мавзуи муолиҷаи ҷин ва ҷоду бо Қуръон ва Суннат суҳбат мекунад, хайру мақдам мегуем. Ва ба Шумо ............


Нашри китоб ба итмом расид

Ҳамзабонони азиз! Ин китоб маълумоти мухтасар ва муфидеро дар бораи олами ҷин, хусусиёт ва сифатҳои ин махлуқот, истифодабарии шаётини...      идома


           

адади зиёратҳо: 

 
www.sheefo.com

Ин саҳифа дар миқёси 1280X 960 беҳтар кор мекунад

Copyright © www.sheefo.com.  Designed by J M